Имрӯз тими миллии Тоҷикистон дар Бишкек бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад

14 июн дар шаҳри Бишкек бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барои ҷойи аввали гурӯҳи «F» дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар ду даври аввал шаш имтиёзӣ ба даст овардаанд, рақобат мекунанд.

Вохӯрӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустакими бозиро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ба роҳ мемонанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE