Трансферҳои охирин дар ҳайати дастаҳои топи аврупоӣ: Ҳоланд ахиран ба орзуяш расид

Манчестер Сити билохира дар ҳайаташ ҳамлагари асосӣ шомил кард. Бо шуруъ шудани мавсими навбатии трансферӣ барои дастаҳои футбол масулини тими англис расман Эрлинг Ҳоландро футболбози даста муарифӣ намуданд. Дигар дастаҳои топи аврупоӣ низ дар идомаи мавсим ҳайатҳои худро пуратар карда истодаанд.

Эрлинг Ҳоланд ахиран бо дастаи Манчестер Сити шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Пас аз талошҳои зиёд масъулини дастаи англис футболбози норвеги тими Боруссия Дортмундро ба даст оварданд. Футболбози 21 солаи тими миллии Норвегия бо Манчестер Сити то тобистони соли 2027 шартнома ба имзо расонид. Қаблан Манчестер Сити расман дар бораи мувофиқа бо тими Боруссия хабар дода буд. Хабар дода шудааст, ки масъулини дастаи Манчестер Сити барои ҳамлагар ба Борусия 75 млн евро пардохт кардааст, маоши Эрлинг бошад дар Англия 350 ҳазор фунт дар як ҳафта хоҳад буд. Таъкид мегардад, ки МС барои Ҳоланд бо дарназардошти маошаш 250 млн евро пардохт менамояд. Эрлинг Ҳоланд соли 2020 ба ҳайатии дастаи Борусия пайваста буд. Давоми ду сол дар ин даста, ҳамлагар 86 голро дар 89 дидор ба нишон расонида, 23 партофти головарро низ ба номаш сабт кардааст.

Дар идомаи масвими тарнсферӣ дастаи дигари олмонӣ Баварияи Мюнхен дар хусуси харидори нимҳимоятгари тими Аякс Райан Гравенберх хабар додааст. Шартномаи даста бо футболбози 20 сола то соли 2027 ба имзо расонида шудааст. Тавре хабар дода шудааст, гузариши Райан барои дастаи Бавария 25 млн евро арзиш хоҳад дошт. Дар баробари ин Аякс 7 дар сади гузаришҳои дигари футболбозро низ ба даст хоҳад овард. Дар мавсими охирин Гравенберх дар 30 бозӣ ширкат варзида ба задани ду гол даст ёфтааст.

Ливерпул низ дар мавсими навбатии хариду фуруши футболбозон ба бастани шартнома бо тими Бенфика дар бораи харидории ҳамлагар Дарвин Нунес ба мувофиқа расидааст. Тавре сомонаи расмии тими Бенфика иттилоъ додааст, гузариши ҳамлагари 22 солаи мунтахаби Уругвай 75 млн евро арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин 25 млн дигар Бенфика метавонад ба сифати бонус ба даст орад. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки Нунес бо Ливерпул то соли 2028 шартнома ба имзо мерасонад.

Маркинёс Оливейр дастаи Сан Паулуро тарк карда, фаъолияташро дар мусобиқаи қаҳрамонии Англия идома медиҳад. Дар хусуси гузариши ин футболбози 19 сола тими Арсенали Лондон иттилоъ додааст. Хабар дода мешавад, ки лондониҳо бо футболбози бразили шартномаи дарозмуддат имзо кардаанд. Пештар хабар дода мешуд, ки шартнома 3 – 3,5 млн евро арзиш дорад. Дар соли 2022 Маркинёс дар 15 дидор дар тамоми мусобиқаҳо ширкат карда, ду гол ва як партофти головарро ба номаш сабт кардааст.

                                                                                      Мижгонаи Насриддин,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE