Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД дар Ереван ширкат варзид

Кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААДбояд ҳамкории сиёсиро дар ҳама сатҳҳо ва майдонҳо тақвият бахшандДар ин бора дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти ин кишварҳоки дирӯз, 17 июн дар Ереван баргузор гардидизҳор шуд карда шудДар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода низ иштирок доштхабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Созмон.

Котибони шӯроҳои амният тадбирҳои безараргардонии чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин як қатор санадҳои муҳими марбут ба такмили идораи Қӯшунҳо (Қувваҳои дастҷамъӣ) ва мубориза бо терроризмро муҳокима ва тасдиқ карданд. Аз ҷумла, Қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар бораи додани маҷмааи чорабиниҳои оперативӣ-пешгирикунандаи «Наёмник» мақоми амалиёти минтақавии зиддитеррористии амалиёти доимӣ ба тасвиб расид.

Бо қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амният Нақшаи омодагии муштараки мақомоти идорӣ, воҳидҳои қувваҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастҷамъии СААД барои соли 2023 ва як қатор ҳуҷҷатҳои дигар, инчунин Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви СААД оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои солҳои 2022-2024, ки бо дарназардошти муқаррароти асосии Стратегияи амнияти дастҷамъии СААД барои давраи то соли 2025 таҳия шуда, барои баргузории машваратҳо оид ба масъалаҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо замина мегардад, тасдиқ шуданд.

Ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД дар доираи раёсати Арманистон дар Созмон баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 30-умин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҷлил мегардад.

Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбнкистон ба имзо расида буд. Баъдтан Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ба ин аҳднома ҳамроҳ шуданд. Аҳднома 20 апрели соли 1994 пас аз расмиёти тасвиб дар кишварҳои узв эътибор пайдо кард. Аммо баъдан Озарбойҷон, Гурҷистон ва Узбекистон аз ин аҳднома хориҷ шуданд. 14 майи соли 2002 дар Москва бо қарори Шӯрои амнияти дастҷамъӣ Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки ба он Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил мебошанд, таъсис ёфт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE