Бонки Осиёии Рушд гузаргоҳҳои асосии сарҳадии Тоҷикистонро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мегардонад
Масъалаҳои марбут ба таҷдиди сохтмони иншоот ва таҷҳизонидани гузаргоҳҳои асосии сарҳадии кишвар бо таҷҳизоти муосири техникӣ дар мулоқоти маҷозии муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти гумруки кишвар.
Азим Турсунзода зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо аксари кишварҳои аъзои Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар савдои хориҷӣ тамоюли мусбат мушоҳида карда мешавад. Аз ҷумла, бо Ҷумҳурии Узбекистон савдои хориҷӣ 21 маротиб афзуд.
Амалишавии Лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ» тибқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 24 апрели соли 2013 ба имзо расида буд. Ҳадаф ва вазифаҳои Лоиҳа – ноил гардидан ба фаъолияти пешрафта, пешгӯишаванда ва манфиатноку сарфакоронаи байнисарҳадии нақлиётию тиҷоратӣ дар давлатҳои аъзои ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ мебошад.
Лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ», ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ гардида буд, 31 декабри соли 2021 пурра ба анҷом расид.
Таъсиси низоми «Равзанаи ягона миллӣ» барои ислоҳоти рушди иқтисодиёти рақамии кишвар аҳамияти хоса дошта, низоми мазкур бо мақсади соддагардонии бақайдгирии расмиёти содироту воридот ва транзит таҳия гардида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2021 бо иштироки 11 вазорату идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2020 расман мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамчунин дар вохӯрии маҷозӣ дигар масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Бонки Осёии Рушд баррасӣ гардиданд.