Муҳаммадамин Абдуллоев дар Қирғизистон нишони нуқраи чемпионати Осиёро соҳиб гардид
Дар Чемпионати Осиё оид ба намуди гӯштини тарзи озод миёни наврасони то 17-сола, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, варзишгари тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни то 80 кг ба гирифтани нишони нуқра сарфароз гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТВ «Варзиш».
Мавриди зикр аст, ки қаблан паҳлавонони дигари кишвар Ҳусейн Ҳасанов дар рӯзи аввали рақобат, дар вазни то 60 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон то 17- сола дар равияи юнонӣ-римӣ Суннат Абдуллоев дар вазни то 65 кг ҷои дуюмро сазовор шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон ва 6 нафар миёни ҷавонон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафарбар гардидаанд.