Дар Душанбе байни «Тоҷикаэронавигатсия» ва «Узаэронавигатсия» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар шаҳри Душанбе байни Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» ва Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронаивгатсия» итттилоъ медиҳад.

Ёддошти ҳамкориро директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода ва директори Корхонаи воҳиди давлатии Маркази «Узаэронавигатсия» Дониёр Ҷумаев ба имзо расониданд. Ёддошти ҳамкорӣ дар густариши ҳамкории соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия барои тақвияти минбаъдаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар минтақа, мубодилаи таҷриба ва таъмини бехатарии парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии ҳарду давлат мусоидат менамояд.

Роҳбарони мақомоти аэронавигатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи мулоқоти судманд инчунин масъалаҳои марбут ба дурнамои тақвияти ҳамкориро дар соҳаи таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ баррасӣ намуданд.

«Кӯшишҳои муштараки мо ба баланд бардоштани сифат ва бехатарии аэронавигатсионӣ нигаронида шудаанд, ки омили калидии таъмини ҳаракати устувору бехатари ҳавоӣ байни Тоҷикистонва Узбекистон мебошанд. Итминон дорем, ки мубодилаи таҷриба ва технология ба мо имкон медиҳад, ки дар ин самт ба қуллаҳои нави ҳамкорӣ бирасем», — изҳор намуд Лоиқ Бегиҷонзода.


Ҳамзамон дар ҳузури роҳбарияти ҳарду корхона иқтидори корхонаҳо ва нақшаи чорабиниҳо доир ба амалӣ намудани ҳамкории минбаъда ва рушди онҳо баррасӣ гардид.

Ҳайати мақомоти аэронавигатсионии Узбекистон бо ҷараёни таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ, техника ва таҷҳизоти соҳа, фаъолияти манораи муназзимии корхона шинос шуда, доир ба дастрас, ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои таъминкунандаи хизматрасонии соҳа табодули афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гузоштанд, ки яке аз созишномаҳои имзошуда вусъати ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мебошад.

«Ба ҳукуматҳо супориш додем, ки масъалаи ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни шаҳрҳои ду давлат ва зиёд кардани шумораи парвозҳоро байни пойтахтҳо дида бароянд» — изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо.

Дастгирии Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар чаҳорчӯби шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ барои густариши равобит дар соҳаи аэронавигатсия замина гузошт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE