Ҳайати Узбекистон дар Кўлоб оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадониро зиёрат намуд

30 июн сардорони сохторҳои Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири ин ниҳод Эркин Муҳитдинов ва мушовири пешбари маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти даволатии шаҳри Кўлоб.

Ҳайати меҳмононро Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар шахсони масъул самимона пешвоз гирифта, онҳоро хайра мақдам гуфтанд.

Зикр гардид, ки дар доираи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон муносибатҳо байни вазорату мақомот ва идораҳои соҳавӣ густариш ёфта, табодули таҷрибаи мақомоти давлатии тарафҳо ба анъана даромадааст.

Меҳмонон нахуст оромгоҳи орифи номдори Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафаккири бузург боздид карданд.

Баъдан бо ҳузури ҳайати Узбекистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Кӯлоб мулоқот оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода баргузор гардид.

Дар идома меҳмонон аз Муассисаи давлатии техникии Литсейи касбии техникии сохтмонии ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб боздид намуда, бо шароити таълим дар ин даргоҳ аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид аз муассисаи мазкур табодули таҷрибаи тарафҳо дар самтҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, касбомӯзӣ, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти касбӣ сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE