Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Бо мақсади тавсеаи ҳамкории мутақобила ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санадҳои ҳамкорӣ дар доираи баргузории Форуми сайёҳӣ, ки чанд рӯз пеш дар Душанбе таҳти унвони «Густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ» баргузор шуд, ба имзо расиданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ Мудири Агентии иттилоотии сайёҳии Арабистони Саудӣ Ал-Утайби Сафар бо гурӯҳи ширкатҳои сайёҳӣ ва фаъолони шабакаҳои интернетии кишвараш ба Тоҷикистон омад.

Дар ҳошияи баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ Рраиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода бо ҳайати меҳмонон вохӯрӣ намуда, масъалаи дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд мавриди муҳокима қарор дод.

Меҳмонони саудӣ таассуроташонро аз дидаҳояшон аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат рангину хотирмон баён доштанд.

Намояндагони ширкатҳои сайёҳии ҳарду мамлакат ҳамчунин оид ба масъалаи дастрасии нархҳо барои хизматрасонии сайёҳӣ дар давраи пас аз пандемия ибрози назар намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE