Дар Берлин байни Тоҷикистон ва Олмон машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид

17 май дар Берлин даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир шуд. Дар ин хусус дар Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд. 

Зимни музокирот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши  ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва  Олмон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва амният табодули афкори созанда анҷом доданд.

Ҳамчунин мушорикат дар доираи созмонҳои байналмилию минтақавӣ дар меҳвари гуфтугӯи ҳайатҳо қарор дошт.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE