Дар Душанбе озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти даватии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ҷиҳати муайян намудани беҳтарин маҳалла ва кӯча озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Ин озмунҳо бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардидан ва рушд ёфтани шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегарданд. Баргузории озмунҳои зикргардида  барои таҷлили сазовори  31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меоранд.

Бо қарори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»  22 000 сомонӣ ҷудо гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE