Сафари Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов Тоҷикистон анҷом ёфт


Имрӯз пас аз иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал , ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов аз шаҳри Душанбе ба Ашқобод баргашт, хабар медиҳад хабарнигори Радиои Тоҷикистон Фирӯз Каримзода.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедовро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE