Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ситод оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ доир шуд
20 июл таҳти раёсати Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии Ситод оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони Вазири маориф ва илм, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври ҳузурию онлайнӣ иштирок намуданд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба АМИТ «Ховар».
Раҳим Саидзода аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибихтисос ёдовар шуда, зикр кард, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб шуда, ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад.
«Бинобар ин, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва бартараф намудани эҳтиёҷоти кадрӣ, инчунин ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон зери таваҷҷуҳи хоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад», — афзуд Раҳим Саидзода.
Зикр гардид, ки ба ҳолати 1 май дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2022-2023 эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ барои 3406 нафар пешниҳод гардида буд. Шурӯъ аз моҳи май ва баъд аз баргузории ҷаласаҳои доимии ситод 2537 нафар ба кор ҷалб шуда, айни ҳол ба 869 нафар эҳтиёҷ боқӣ мондааст.
Ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб намудани мутахассисони ҷавон, ба гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифтани омӯзгорони ғайриихтисос, ки зиёда аз 15 сол собиқаи корӣ доранд, дар дарсҳои омӯзгорони собиқадор иштирок намудани омӯзгорони ҷавон, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои таҷрибаомӯзӣ фиристодани донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгорӣ ва чанде дигар аз ҷумлаи пешниҳодоте буданд, ки зимни ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати то 1 августи имсол бартараф намудани норасоии кадрӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, омодагии муассисаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2022-2023, истифодаи тамоми имконият ҷиҳати ҷалби бештари омӯзгорон, ҳавасманд намудани омӯзгорони варзида ва масъалаҳои марбути соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.