Президенти Тоҷикистон радикализми диниро хатари ҷиддӣ барои минтақа номиданд
Таҳмили идеологияи радикализми динӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддист. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 21 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор гардид, изҳори назар намуданд, хабар медиҳад ТАСС.
Дар бораи радикализм
«Таҳмили идеологияи ниҳоят харобиовари радикализми динӣ дар Осиёи Марказӣ мушкилоти ҷиддӣ мебошад. Хавфноктарин барои ҷомеаи мо тамоюли таҳкими мавқеи салафия ва ваҳҳобия аст», — таъкид доштанд Президенти Тоҷикистон.
Дар бораи нақшаҳои ноором сохтани вазъи минтақа
Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки неруҳои мухталиф тарҳрезӣ кардани ноором сохтани вазъ дар минтақаи Осиёи Марказиро идома медиҳанд.
«Рӯйдодҳои ахири кишварҳои мо гувоҳӣ медиҳанд, ки неруҳои мухталиф то ҳол нақшаҳои ноором сохтани суботи минтақаро дар сар доранд», — гуфтанд Президенти Тоҷикистон.
Ба гуфти Сарвари давлат, ин ҳодисаҳо нишон доданд, ки неруҳои муайян, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш доранд, ки шаҳрвандонро ба тазоҳуроти эътирозӣ таҳрик диҳанд.
Дар бораи «Толибон»*
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр намуданд, ки «Толибон»* барои мутмаин сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қонунияти ҳокимияташон дар Афғонистон ягон тадбир наандешиданд.
«Тайи давраи гузашта роҳбарияти ҳаракати «Толибон»* тадбири воқеие наандешид, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии Афғонистонро ба қонунӣ будани ҳокимияташон, доштани қобилияти назорати вазъ дар мамлакат, таъмини амнияти шаҳрвандони худ, ҳалли масоили иҷтимоӣ-иқтисодии бамиёномада мутмаин созанд», — иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбарияти «Толибон»* дар Афғонистон сиёсати таҷовузкоронаи поймолкунандаи ҳуқуқи гурӯҳҳои гуногуни этникиро ба роҳ мондааст, изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.
«Толибон сиёсати табъизи таҷовузкорона бар зидди гурӯҳҳои мухталифи этникӣ ва консерватизми сахти мазҳабиро пеш мебаранд», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон инчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба изҳороти чанде қабли роҳбарияти «Толибон»* дар бораи дар мамлакат бекор кардани тамоми санадҳои қонунгузорӣ ва нияти дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии афғонҳо ба таври умумӣ ҷорӣ кардани қонунҳои шариат ҷалб намуданд.
Дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок карданд.
________