Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз 8 то 9 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ дар назар аст.
АКС аз бойгонӣ