Маҳмадсаид Зувайдзода: «Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 560 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст»

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат беш аз 560 иншооти ҷашнӣ бунёд карда мешаванд. Тавре Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт,  «бо мақсади  ба меъёрҳои замонавӣ мувофиқ гардонидани сатҳу сифати сохтмони иншооти ҷашнӣ Кумита нақшаи чорабиниҳо омода  кардааст.

Мавриди зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 июли соли 2022 Нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид, ки тибқи он бунёди  568 иншооти ҷашнии дорои таъйиноти мухталиф дар минтақаҳои гуногуни мамлакат  ба нақша гирифта шудааст.

Дар айни замон дар асоси ин қарор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  нақшаҳои  худро омода  намуда истодаанд ва шумораи умумии иншооти ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёдшаванда моҳи  августи соли равон муайян мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE