«Амонатбонк» барои пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ба аҳолӣ 100 миллион сомонӣ ҷудо намуд

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ба аҳолии мамлакат аз ҳисоби сармояи бонк 100 миллион сомонӣ  ҷудо намуд. Дар ин хусус Раиси бонки мазкур Сироҷиддин Икромӣ 22 июл зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.

Ӯ илова намуд, ки «100 миллион сомонӣ маблағи ибтидоӣ буда, дар оянда дар сурати зарурат барои пешниҳоди қарзи ипотекӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад.

«Қарзҳои ипотекие, ки пешниҳоди муштариён мегарданд, аз ҳисоби пасандозҳои мардум нестанд. Қарзи ипотекӣ бо асъори хориҷӣ — доллар бо меъёри 10 фоиз ва бо асъори миллӣ -сомонӣ 22 фоизи солона ба муҳлати 10 сол дода мешавад», — тазаккур дод Раиси БДА «Амонатбонк».

Ба гуфтаи номбурда, нафароне, ки мехоҳанд аз «Амонатбонк»  қарзи ипотекӣ бигиранд, бояд маблағи шахсии худро дар ҳаҷми 30 фоизи арзиши манзил чун саҳм гузоранд. Мизоҷони бонк метавонанд дарҳол пас аз коркарди пурраи қарз ба манзил кӯчанд, ки ҳамчун гарав хизмат мекунад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки манзили муштарии бонк танҳо пас аз пардохти пурраи қарз ба қайд гирифта мешавад, ки қаблан он моликияти «Амонатбонк» хоҳад буд. Қарзи  ипотекиро на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ метавон дарёфт кард. Қаблан «Амонатбонк» 34 нафар кормандони бонкро бо пешниҳоди қарзи ипотекӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин намуд.

Бояд гуфт, ки қарзи ипотекӣ як намуди қарзест, ки барои хариди манзил пешбинӣ мешавад. Ин намуди қарз ба мизоҷон бо иҷрои уҳдадорӣ ва шартҳои муайян пешниҳод мегардад.

Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои пешниҳоди қарзи ипотекӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳанӯз 14 сол муқаддам, соли   2008 Парлумони  Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека»-ро қабул намуда буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE