Дилмурод Давлатзода: Нафақаи баланд аз рӯи маоши баланд таъйин карда мешавад
Барои гирифтани нафақаи муносиб маоши баланд таъсир мегузорад. Агар шахс маоши баланд гирад, ба ӯ нафақаи баланд дода мешавад. Аз ин рӯ барои гирифтани нафақаи баланд ягон маҳдудият ҷой надорад. Ҳоло дар Тоҷикистон барномаи электронӣ амал мекунад, ки ба он ному насаб ва СИН-и шахс ворид карда мешавад.. Ин барнома тамоми фаъолияти корӣ ва музди меҳнати шаҳрвандонро ҳисоб карда, нафақа таъйин мекунад.
Дар ин бора 22 июл зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод.
Ба гуфти мавсуф, «дар ҷумҳурӣ солҳои пеш нафақаи кормандони корхонаҳои саҳомӣ ва хусусӣ зиёд буд. Аммо, мутаассифона, солҳои охир бо ворид гардидани баъзе тағйирот ба қонунгузорӣ нафақаи ин кормандон паст карда шуд. Дар маҷмӯъ, дар давраҳои пеш нафақаи баландтаринро кормандони бонк ва соҳибкорон мегирифтанд. Ба монанди баъзе кормандони бонк, ки музди меҳнаташон баланд буд ва то 18-19 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтанд. Имрӯз низ нафақахӯроне ҳастанд, ки нафақаи баландтарини то 22-25 ҳазор сомонӣ мегиранд».
Дилмурод Давлатзода иброз дошт, ки «соли гузашта лоиҳаи шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа мувофиқа шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2021 «Дар хусуси лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» ба тасвиб расид. Тибқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия расман ба фаъолият машғуланд, бо шаҳрвандони ин кишвар баробар буда, ҳуқуқи нафақа гирифтан доранд. Созишнома имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа собиқаи корӣ ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. Агар як қисми собиқаи кории муҳоҷирон дар Тоҷикистон гузашта бошад, Тоҷикистон низ нафақа муайян мекунад».
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин давра ҳамкорӣ дар доираи созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа, ки бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, вусъат ёфтааст.