Кӣ донишҷӯ шуд? Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро эълон кард
25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 эълон гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот аз соати 00:00-и 25 июл ба рақами телефони мобилие, ки онро довталабон дар вақти бақайдгирӣ нишон медиҳад, паёмак (SMS) фиристода шуд ва довталабон аз он дар бораи комёб гардидан ё нагардидан аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон огоҳ шуданд. Ин паёмаки телефонӣ (SMS) ба довталабон ройгон фиристода шуд, инчунин довталабон метавонанд аз кабинети инфиродӣ ё бо муроҷиат (аз ҷумла тавассути телефон) ба Марказ ва бахшҳои минтақавии он аз натиҷаи тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ як бори дигар огоҳ шаванд.
Довталаби дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда бояд дар муҳлати муқарраргардида аз 25 июл то 6 август ба муассисаи таълимии дахлдор барои номнависӣ ва қабул ҳозир шавад. Дар сурати бо сабаби узрнок ҳозир шуда натавонистанаш довталаб вазифадор аст, ки то 6 август дар ин бора бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба муассисаи таълимӣ хабар диҳад, вагарна ҷойи худро ин довталаб дар муассисаи таълимӣ аз даст медиҳад ва ҷойи қабулшудаи ӯ дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мешавад. Инчунин довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро надорад.
Мувофиқи тартиби муқарраргардида, ба озмуни тақсимот довталабоне роҳ ёфта буданд, ки аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:
— танҳо қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум))-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— танҳо қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум))-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— ду субтести аввали қисми А ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— қисмҳои А ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шудаанд.