Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

27.07.2022 11:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид намуданд. Дар ин зимн, ҷиҳати тақвият бахшидани ин раванд, алалхусус дар ҷанбаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба бар асоси саъю талошҳои муштарак изҳори умед карданд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE