Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

31 июл – 1 август узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ иттилоъ дод.

Дар доираи сафар мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.

Интизор меравад, ки зимни мулоқотҳо ҳамкории дуҷониба ва вазъи минтақа баррасӣ гарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE