Бақайдгирии заминларза дар Тоҷикистон

Имрӯз, 25 январ, соати 6:41 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар километри 44-уми самти ҷанубу шарқи минтақаи Рашт ва километри 103-юми самти шимолу шарқи Душанбе, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ будааст. Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар минтақаи Рашт 2-3 баллро ташкил додааст. Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE