Сайди моҳӣ дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 1145,3 тоннаро ташкил дод

Сайди моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2022 1145,3 тоннаро ташкил намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мувофиқи маълумоти оморӣ, хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба маблағи 23 миллиону 200 ҳазор сомонӣ моҳӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,9 фоиз зиёд мебошад.

Аз 1145,3 тонна сайди моҳӣ ба хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон — 775,9 тонна, Суғд — 310 тонна, шаҳри Ваҳдат — 57,1 тонна, Турсунзода — 1,3 тонна ва ноҳияи Рӯдакӣ — 1 тонна рост меояд.

Аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 290,4 тонна намуди пешониғафси сафед, 140,6 тонна — зағорамоҳӣ, 57 тонна — гулмоҳӣ, 152,6 тонна — амури сафед, 3,7 тонна — суфмоҳӣ ва 505,4 тонна дигар намуди моҳиҳо мебошанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE