Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои аъзои ИДМ дар Арманистон иштирок намуд

Дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи 55-уми Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамот Абдулмаҷид Муминзод иштирок намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, корҳои иҷрошуда ва пешравиҳо, камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир қарори Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ бо назардошти пешниҳодҳои аъзои Шуро қабул гардида, баргузории ҷаласаи ояндаи Шуро дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE