Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» иштирок мекунад

Дастаи  мунтахаби  футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022», ки аз 20 то 26 сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор мешавад, ширкат менамояд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин мусобиқа ба ҷуз аз дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби яккачини Тайиланд, Малайзия, Тринидад ва Тобаго ширкат мекунанд.

Дар асоси низомномаи мусобиқот бозиҳои ½-ниҳоӣ 22 сентябр баргузор мешаванд.

Сипас, ғолибони даври нимниҳоӣ 25 сентябр дар бозии ниҳоӣ иштирок карда, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE