Имсол Мамнӯъгоҳи табии давлатии “Бешаи палангон” 85- сол мешавад

4-уми ноябр аз таъсиси Мамнӯъгоҳи табии давлатии “Бешаи палангон” 85- сол сипарӣ мегардад.

Дар арафаи ин сана боздиди як гурӯҳ журналистони эколог ба ин минтақаи махсус муҳофизатшаванда сурат гирифт.Иқдоми мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , ташкилотҳои ҷамъиятии “Алифбои табиати Тоҷикистон”,”CAMP-ТАБИАТ” ва мусоидати “Барномаи ҳифзи табиат”- и СММ  роҳандозӣ шуд.

Кормандони ВАО дар аввал аз осорхонаи мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” боздид намуда,бо кӯмаки роҳбалад – сармутахассиси мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” Даврон Бегҷиков аз ҳолати имрӯзаи мамнӯъгоҳ воқиф гардиданд.

Таъкид гардид, ки айни замон дар мамнӯъгоҳи табии давлатии “Бешаи палангон” 45 намуди ҳайвоноти нодир ,214 намуди паррандаҳо ва беш аз 480-намуди растаниҳо мавҷуд аст.

Дилбар Исматова

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE