Ҳамарӯза дар ИМА то 400 нафар бар асари коронавирус мефавтанд

Новобаста аз нишонаҳои коҳишёбии афзоиши пандемия ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 400 нафар амрикоиҳо бар асари коронавирус мефавтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «ABC News».

Бино ба маълумоти Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар ИМА, шумораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ коҳиш меёбад. Ҳоло ҳамарӯза 107 ҳазор ҳолати нав ба қайд гирифта шуда, ба ҳисоби миёна дар як ҳафтаи охир ин нишондиҳанда 12% коҳиш ёфтааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоии ИМА, шумораи амрикоиҳои мубтало ба ин вирус, ки дар беморхонаҳои саросари кишвар табобат мегиранд, ба сатҳи пешбинишуда расида, тақрибан 43 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки зимистони соли гузашта беш аз 160 ҳазор нафар гирифторони коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буданд.

Бо вуҷуди баъзе пешравиҳои мусбат фавт аз коронавирус дар сатҳи муътадили баланд боқӣ мемонад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE