Ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид. Дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23.12.2022 аз нигоҳи ҷомеъаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори он Зариф Ализода- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Абдуллозода Масрур мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Фарҳод Раҳимӣ намояндаи ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ҶТ, Раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Дар ифтитоҳ ба ҳозирин моҳият ва нақшаи ҷаласа пешниҳод гардид ва сухан ба Зариф Ализода- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дода шуд. Зариф Ализода зимни суханрони иброз дошт ки Президенти кишвар ба соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медиҳад, чун ки маориф соҳаи пешбарандаи тамоми ҷомеа мебошад.
Сайфулло Сафаров узви Шӯрои ҷамъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат иброз дошт ҳадафи ҷаласа дар он аст, ки нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро баррасӣ намуда, дар оянда он нуктаҳоро сармашқи кори худ қарор диҳанд.
Дар ҷаласа инчунин дигар намояндагони ваколатдори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии ҶТ суханронӣ намуданд. Дар охир миёни намояндагони мақомотҳои зикргардида саволу ҷавоб ва музокира доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” суръат гирифт.
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе