Маҷмӯи ҳикояҳои марғуб бо номи “Аз садоқат, аз муҳаббат…” аз чоп баромад

Маҷмӯи ҳикояҳои шавқовару хонданӣ бо номи “Аз садоқат, аз муҳаббат…” дар таҳияи Башир Усмон аз чоп баромад, ки хонандаро ба меҳру муҳаббат ва ростиву садоқат даъват менамояд.

– Бо муҳаббат сухан гуфтан, бо муҳаббат нигаристан, қалби саршор аз меҳр доштану аз он ба дигарон нисор кардан ва, дар маҷмӯъ, бо муҳаббат зистану аз ҳодисаву рӯйдодҳои олами атроф танҳо зебоиҳоро дида тавонистан… Он чи ки бо таҳияи маҷмӯа гуфтан мехоҳем ҳамин аст, – омадааст дар пешгуфтори китоб.

Башир Усмон бо таҳияи маҷмӯаи мазкур  муҳаббату садоқатро талқин  ва бевафоию хиёнат, сиёҳбиниву сиёҳдилиро мазаммат кардааст.  “Аз садоқат, аз муҳаббат…” маҷмӯи масалу ҳикояҳоеро фаро гирифтааст, ки чанд сол қабл бо номҳои “Дидор” ва “Ҳадяи зиндагӣ” нашр шудаву аз ҷониби хонандагон хуб пазироӣ гардида буданд.

Ҳамчунин, гуфтан бамаврид аст, ки дар маҷмӯаҳои “Дидор” ва “Ҳадяи зиндагӣ” муаллиф дар баробари мураттиб будан, муаллифи бархе ҳикояҳо низ буд, вале дар маҷмӯаи “Аз садоқат, аз муҳаббат…” ӯ танҳо нақши таҳиягарро иҷро мекунад. Илова бар ин, дар маҷмӯа чанд ҳикояи нав ҳам ҷой дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки маҷмӯаи мазкур бо теъдоди 1000 нусха ба муносибати 25-солагии Ваҳдати миллӣ ба чоп расида, ба доираи васеи хонандагон тавсия дода мешаавад.

Китобро метавон аз дӯконҳои китобфурӯшӣ дастрас кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE