Боздиди иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе аз маконҳои зебоманзари шаҳрҳои Норак ва Роғун
Субҳи имрӯз дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ки бо мақсади иштирок дар конфронсӣ мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ба минтақаҳои саёҳии, кишвар ва обанборҳои Роғуну Норак сафарбар гардиданд. Тавре дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Тоҷикистон хабар доданд, дар ин сафар гуруҳи кориро намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи рушди саёҳӣ ва рӯзноманигорон ҳамроҳӣ мекунанд. Меҳмонон аз маконҳои бузурги дилфиреби кишвари мо ба хусус манбаъҳои обӣ дидан намуда таасуроти худро ба хабарнигорон баён намуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки дар ин доира ҳамчунин фардо дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт Фестивали оби Душанбе баргузор мегардад.
Нуралӣ Давлат
Радиои Тоҷикистон