Сафири Тоҷикистон бо волии Кутаҳяи Туркия мулоқот намуд
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар доираи сафар ба минтақаҳои Туркия бо волии Кутаҳя Муса Ишин мулоқот намуд. Дар бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд. Ҳангоми вохӯрӣ ба ҷониби туркӣ имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии мамлакат муаррифӣ гардиданд. Бо истифода аз фурсат сафир аз волӣ даъват намуд, ки бо соҳибкорони вилоят ба Тоҷикистон ташриф биёранд.