«ПОМИРИНВЕСТ-2022». Форуми байналмилалӣ ба Бадахшон сармоя ҷалб менамояд

Имрӯз дар маркази маъмурии Бадахшон — шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест -2022» оғоз гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузории ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалӣ, ки беш аз 200 нафар соҳибкорону сармоягузорон ва шарикони рушд иштирок доранд, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир ва намояндагони шарикони рушд сухан намуда, нақши форумро дар рушд ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Бадахшон муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳадафи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест -2022» ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи кишвар ва муаррифии имконияти сармоягузории Бадахшон ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест» анъанавӣ буда, ҳамасола бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ба Бадахшон гузаронида мешавад ва дар он соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок доранд.


Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2022» аз бахшҳои гуногун, назири саноат, энергетика, сайёҳӣ иборат буда, иштирокдорони он роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди Бадахшонро баррасӣ менамоянд.

Интизор меравад, ки иштирокдорони Форуми байналмилалии «Помиринвест -2022» аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии Бадахшон, аз ҷумла корхонаи истеҳсолии «Чипсбарорӣ», фаъолияти намояндагии «Саноатсодиротбонк», Боғи ботаникӣ, Парки технологии Помир, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Осорхонаи Носири Хусрав ва Осоишгоҳи Гармчашма боздид намоянд. Инчунин дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим муаррифӣ мегардад.

Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Помиринвест-2022» имрӯз дар шаҳри Хоруғ намоиши молу маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ ташкил карда шуд.

Инчунин интизор меравад, ки дар доираи Форуми «Помиринвест-2022» мулоқоти соҳибкорону сармоягузрон дар шакли В2В доир гардида, миёни ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорон бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва рушди иқтисоди Бадахшон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Баргузории форуми мазкур далели он аст, ки рушду пешрафти гӯшаи дурдаст ва баландкӯҳи Тоҷикистон –Бадахшон пайваста дар мадди назари роҳбарият ва ҳукумати мамлакат қарор дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE