Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркия

1 декабри соли 2022 дар шаҳри Лодз дар ҳошияи 29-ум иҷлоси Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлут Чавушоғлу вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE