Дар Душанбе озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад

26 август дар Душанбе озмуни шаҳрии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе. 

Озмуни мазкур дар асоси Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардида, ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Тавре мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Нурмаҳмад Маҳмадуллозода иброз дошт, озмун аз рӯи 6 номина: кандакорӣ-дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ-рассомӣ, кулолгарӣ-аъҷубасозӣ, бофандагӣ ва коркарди металл баргузор мегардад.

Мавриди зикр аст, ки  бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон эҳё гардида, босуръат рушд менамоянд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат  ҳунармандон аз андозҳо озод карда шуда, барои ҳунармандон ва соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок   муқаррар гардидаанд.

Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки дар ин муддат бисёр ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон афзудааст. Тибқи маълумот, то соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 нафар ҳунармандон фаъолият намуда, аз имтиёзҳои андозии фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода менамоянд.

Имрӯзҳо бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нави фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дастранҷи истеҳсолнамудаи ҳунармандони кишвар дар якчанд намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Британияи Кабир, Малайзия, Америка, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Юнон, Олмон, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба намоиш гузошта шуда, харидорони худро пайдо намудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE