Номи сарвазири нави Британия 5 сентябр маълум мешавад
Дар Британия номи роҳбари нави ҳукумат 5 сентябр эълон мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии Sky News бо истинод ба ҳамраиси ҳизби консервативӣ Эндрю Стивенсон хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи интихоботи раиси ин ҳизб, ки нахуствазири нав мешавад, баъд аз зуҳри 5 сентябр эълон хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки ин рӯйдод соати 12:30 ба вақти маҳаллӣ рух диҳад. Аммо ин макон то ҳол ном бурда нашудааст, ба далели амниятӣ ширкаткунандагони маросим дар ин бора ҳамагӣ 48 соат пеш аз баргузории чорабинӣ иттилоъ хоҳанд ёфт.
Эҳтимол меравад, ки рӯзи дигар иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Борис Ҷонсон ваколатҳоро ба вориси худ интиқол диҳад. Ва аллакай 7 сентябр дар парлумон ҷаласаи анъанавии саволҳо ба сарвазир баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба даври ниҳоии мубориза барои мақоми раҳбари Ҳизби консервативӣ вазири корҳои хориҷӣ Лиз Трасс ва вазири собиқи молия Риши Сунак роҳ ёфтанд. Нуҳ сиёсатмадори дигар пас аз чанд даври интихобот онро тарк карданд.
Интихоби ниҳоиро аъзои одии ҳизб, ки тақрибан аз 200 ҳазор британиягиҳо иборатанд, анҷом хоҳанд дод.