Дар Душанбе масоили густариши ҳамкорӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Таиланд баррасӣ шуд

Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Таиланд, инчунин роҳандозӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судманд дар бахшҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова ва мушовири Сафорати Подшоҳии Таиланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон, хонум Оратай Пхубунлап баррасӣ шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар доданд, дар мулоқот Оратай Пхубунлапро котиби якуми консули Сафорати Подшоҳии Таиланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон Вонгсакорн Чайчана ҳамроҳӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Таиланд, инчунин роҳандозӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судмандро дар бахшҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, косметология ва сайёҳӣ дар чаҳорчӯби бахши тиҷорату иқтисод баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот Манзура Рустамова меҳмононро бо фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон шинос намуда, ба онҳо «Раҳнамои тиҷоратӣ»-ро, ки дар он маълумоти бештар оид ба вазъи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, тақдим намуд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯ ба сатҳи баланди муносибатҳои тарафайн анҷом ёфт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE