Пример Лигаи Англия: Арсенал садрнишини ҷадвал

Манчестер Юнайтед  дар даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол бар тими Саутгемптон пируз омад. Ҳамчунин Манчестер Сити низ дастаи Кристал Пеласро ба шикасти бузург ру ба ру кард. Ливерпул Бортмунро торумор кард. Арсенал низ чорумин пирузиашро ба даст оварда, садрнишини ҷадвали мусобиқа гардид.

Дар доираи даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол дастаи Арсенали шаҳри Лондон дастаи Фулхемро пазироӣ намуд. Дидори ин дастаҳо дар варзишгоҳи Эмирейтс сурат гирифта, бо пирузии тими мизбон ҷамбаст гардид. Нахуст дар дақиқаи 56-уми дидор Митрович аз дастаи Фулхем ба кушодани ҳисоби бозӣ даст ёфт. Аммо пас аз чанде футболбозони дастаи мизбон Эдегор ва Габриел дарвозаи рақибро рахна карда, ин дидорро бар нафъи ҳамдастаҳояшон ҷамбаст намуданд. Ҳамакнун шогирдони Микел Артета бо ба даст овардани пирузии чоруми худ садри ҷадвали мусобиқаро ишғол кардааст.

Манчестер Сити низ дар навбати худ дар доираи рақобатҳои даври чоруми примерлигаи Англия тими Кристал Пеласро ба мағлубият дучор кард. Дидори ин дастаҳо дар варзишгоҳи Иттилҳод доир гашта, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи тими мизбон ҷамбаст гардид. Нахуст дар дақиқаи чорум бо голи иштибоҳии Стоунз ҳисоб бар нафъи тими Кристал Пелас кушода шуд. Сипас Андерсен ба номаш гол сабт намуда, натичаро 0:2 кард. Ҳамин тавр нимаи аввал ҷамбаст гардид. Дар нимаи дуюми вохурӣ дастпарварони Хосеп Гвардиола ба ду голи рақибон бо чор гол ҷавоб гардонида бозиро бар нафъи худ ҷамбаст намуданд. Бернанду Силва, Эрлинг Ҳоланд бо сабти хетрик ба номаш муалифи голҳои Манчестер Сити шуданд. Ҳамакнун МС бо касби 10 имтиёз пас аз Арсенал мавқеъ касб кардааст.

 Тотенхеми Лондон ин навбат дар сафар бо тими навкори пример лига Нотингем Форес ру ба ру шуд. Ин дидор ки дар варзишгоҳи Сити Граунд сурат гирифт, бо натиҷаи 0:2 бар фоиида дастаи меҳмонн ҷамбаст шуд. Ҳар ду голи дастаи Тотенхемро Ҳари Кейн ба номаш сабт намуд.

Дар даври чоруми рақобатҳои мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол дастаи Манчестер Юнайтед тими Саутгемптонро бо ворид кардани як голи беҷавоб пушти сар гузошт. Ягона голи дастаи Юнайтедро дар ин рақобат Бруно Фернандеш вориди дарвозаи рақиб намуд.  Вест Хем низ бо ворид кардани як голи беҷавоб дар ин даври рақобатҳои пример лигаи Англия дастаи Астон Виларо пушти сар гузошт. Бо чунин натиҷа Брайтон дастаи Лидсро ба шикаст ру ба ру кард. Дастаи дигари шаҳри Лондон Челси тими Лестерро дар ин даври мусобиқа дар Стемфоррд Бридж бо натиҷаи 2:1 ба шикасск мувоҷеҳ кард.

Дидори аз ҳама серголи даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол миёни дастаҳои Ливерпул ва Борнмут сурат гирифт, ки дар ин дидор шогирдони Юрген Клоп ба дарвозаи рақиби худ нуҳ гол ворид намуда, оннро ба шикасти бузург ру ба ру кард. Дидори дастаҳои Вулверхемптону Нюкасл ва Брентфорду Эвертон бо натиҷаи якхелаи 1:1 анҷом ёфтанд.

                                                                                     Раҳмонзода Мижгон,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE