Сафири Тоҷикистон бо Раиси Сенати Миср мулоқот кард
6 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Сенати Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст, ба вижа ташкил ва тавсеаи робитаҳои судбахши байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии зиёд ба фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули сафарҳо ва омӯзиши таҷриба ва маҳоратҳои касбии ду ҷониб зоҳир гардид.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 10 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо Раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо, бахусус дар доираи робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон Ҷумҳурии Арабии Мисрро шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ, дунёи араб ва ҷаҳони Ислом медонад ва густариши минбаъдаи равобити дӯстона ва ҳамкории судмандро бо он ба нафъи мардумони ду кишвар меҳисобад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушди тамосҳои мунтазами байнидавлатӣ, тавсеаи амалии робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла дар самти робитаҳои парлумонӣ табодули афкор намуданд.
Аз ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Миср ва робитаи сохторҳои парлумонии ду кишвар дар раванди эҷоди эътимод, таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба ва ташаккули заминаи ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Робитаҳои парламентӣ яке аз омилҳои муҳими густариши самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Миср, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ номида шуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушди инфрасохтор ва саноати туризм, робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла илмиву маърифатӣ миёни ду кишвар, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистону Миср дар донишгоҳҳои якдигар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин зимни вохӯрӣ оид ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси сенати Ҷумҳурии Арабии Миср даъват карданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.