Дар Хоруғ пешгирии зӯровариро дар оила муҳокима карданд
Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Хоруғ Парӣ Ғуломайдарзода, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Мадина», «Занон барои адолат», роҳбарони идораву муассисаҳои мақомоти иҷроия ва раисони шӯроҳои занони шаҳр ширкат варзиданд.
Парӣ Ғуломайдарзода оид зӯроварӣ дар оила, сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дур аз волидон ба воя расидани фарзандон сухан гуфт.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ Гулшод Гулбекова зикр намуд, ки «воқеан ҳам ҷудошавии оилаҳои ҷавон имрӯз масъалаи мубрами рӯз гардида, дар шаҳри Хоруғ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр миёни сокинон оид ба ин масъала суҳбату мулоқоти пайваста гузаронида мешаванд».
Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хоруғ Камила Мусавирзода оид ба ин масъала иброз дошт, ки сабабҳои кам гардидани ақди никоҳ- ин вазнин будани шароити зиндагӣ, афзоиши омилҳои иқтисодӣ ва дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани ҷавонон мебошанд.
«Ҷавоне, ки имконияти таъмин намудани оиларо надорад, ӯ албатта, зуд оила барпо намудан намехоҳад, зеро оила масъулияти баланд талаб мекунад», — гуфт ӯ.
Ҳамзамон нозири калон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди ШВКД дар шаҳри Хоруғ Сабзина Азичаева иброз дошт, ки «мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии ҷиноятҳо, огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷаи ҷамъиятӣ ба шумор рафта, моро зарур аст, ки дар ҳамдастӣ ин корҳоро ба сомон расонем».