Табибони тоҷик дар Корея таҷриба меомӯзанд

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Корея як гурӯҳ табибони тоҷик барои тарҷибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Корея сафарбар шудаанд. Дар ин бора Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади таҷрибаомузӣ оид ба табобати бемориҳои сухтагӣ дар заминаи Беморхонаи Бестияни шаҳри Сеули Ҷумхурии Корея, дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Бестияни Ҷумҳурии Корея аз 28 сентябри соли 2022 ду нафар табиби кишвар, Нозимов Абубакр Абдулхайрович, духтур-комбустиологи Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №3”-и шаҳри Душанбе ва Сафаров Шоҳруз, табиб, ҷарроҳи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент аз 14 ноябри соли 2022 то 28 январи соли 2023 ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея сафарбар карда шаванд.

Дар доираи сафари хеш номбурдагон дар Беморхонаи Бестияни шаҳри мазкур вобаста ба усулҳои нави табобати бемориҳои сӯхтагӣ бо ҳамкасбони хеш аз ин беморхона табодули таҷриба намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE