Ташаббуси Тоҷикистон ба мақсади ҳамоҳангии руйкардҳои ИДМ, СААД ва СҲШ дар самти рафъи тундгароӣ
28 октябри соли 2025 дар шаҳри Минск, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии вежа зери унвони «Ҳамоҳангии руйкардҳои ИДМ, СААД ва СҲШ дар самти рафъи тундгароӣ: хатарҳо ва имкониятҳо» баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Дар он ҳамоиш дабири кулли СҲШ, роҳбарияти котиботи ИДМ, СААД, Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, инчунин, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ва Раёсати зиддитеррористии СММ иштирок намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Сафарзода Бахтовар ҳозиринро хайрамақдам гуфта, рӯйкардҳои Тоҷикистонро, ки ба таҳкими абзорҳои муштараки таъмини амният, такмили чораҳои пешгирикунанда ва рафъи тундгароӣ дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба равона шудааст, муаррифӣ намуд.
Иштирокдорон аҳамияти таҳкими талошҳои муштараки ИДМ, СААД ва СҲШ-ро дар самти рафъи тундгароӣ таъкид карда, роҷеъ ба таҷриба дар татбиқи чораҳои пешгирикунанда табодули афкор анҷом доданд ва омодагиро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар чорчӯбаи абзорҳои бисёрҷонибаи амниятӣ изҳор доштанд.

