Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2023 шуд

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футбола гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Муаллифи голи пирӯзиовар ҳамлагари «Равшан» Амирҷон Сафаров шуд.

Дарвозабони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Евгений Гритсенко беҳтарин бозигари бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки 6 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дар 14-умин бозии Суперҷоми Тоҷикистон баргузор шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE