ИМРӮЗ-РӮЗИ МАВЛОНО. Мақоми ақл ва илму дониш дар таълимоти ин нобиғаи Машриқзамин хеле баланд аст

30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно таҷлил мегардад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, аз фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, аз дурахшонтарин чеҳраҳои  шеъру адаби форсӣ ва илму адёни  ҷаҳонист.

Ба муносибати Рӯзи Мавлоно мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед ЗИЁӢ  дар як мақолае, ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод  сохтааст,   андешаҳояшро чунин иброз менамояд:

Дар даврони ҷаҳонишавӣ, ки ҳама минтақаҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон ва давлатҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравиро фаро гирифтааст ва дар шароити ҷустуҷӯи ҳувияти миллӣ ва эҳёи маънавии ин халқҳо, ки бо суръати бузурге ҷараён дорад, муроҷиат ба афкори фалсафӣ ва фарҳангии ниёгон ва корбасти он бо дарназардошти воқеият ва талаботи замони муосир метавонад ҳамчун такягоҳи муҳиме барои ташаккули ҷомеа ва инсони нав хидмат намояд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт омӯзиш ва истифодаи ганҷинаҳои фарҳангии ниёгони мардуми тоҷик метавонад нақши асосӣ бозад, зеро ин фарҳанг дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ ҷараёну мактабҳои фикрии зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки боиси ғановат ва таровати ин тамаддуни куҳан гардида, рангорангию мухталифӣ ва дилкашию дилнишинии онро таъмин сохтаанд. Барои исботи ин сухан кофист, ки номи зодаи Вахшонзамин Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273), осори ин шоиру мутафаккири шинохта ва мактаби фикрии таъсисдодаи ӯ –тариқати мавлавияро ба забон оварем.

Таърихи инкишофи ақидаҳои назариявӣ ва амалияи Мавлоно ва тариқати ӯ- мавлавия даврони ташаккули он (то Мавлоно), ҳастии воқеии ақидаи ин мактаб (худи Мавлоно), таҳаввулоти ҷузъии ақида ва ташаккули комили амалияи мавлавияро (баъд аз Мавлоно) дар бар мегирад. Даврони Мавлоно ва таълимоти ӯ дар ҳақиқат ҳам ҳастии воқеии мавлавия аст. Маърифати ҳиссӣ ва ақлонӣ, таълимоти ғарбию шарқиро бо ҳам омезиш дода, Мавлоно барои худ, ёрони хеш ва тамоми ҷӯяндагони ҳақиқат, чӣ дар Шарқу чӣ дар Ғарб чунин таълимотеро ба вуҷуд овард, ки таҷрибаи фалсафии пешиниёнро як навъ ҷамъбаст намуд. Чунонки, ба шаҳодати Аҳмади Афлокӣ, худи Мавлоно гуфтааст, омезиши афкори тоҷикони Хуросону юнониёни Рум аз ҷониби ин мутафаккир мактаберо ба вуҷуд овард, ки бо сабаби фаровон будани ақлгароӣ ва тараннуми илму дониш дар он минбаъд ин тариқатро муҳаққиқони мамлакатҳои гуногуни олам таълимоти беназир ё худ «роҳи сеюми Мавлоно» хонданд:

Аз Хуросонам кашидӣ то бари юнониён,
То даромезам бад-ишон, то кунам хуш мазҳабе.

Дар мактаби Мавлоно ва пешгузаштагони ӯ ақлу хирад, тараннуми илму маърифат мақоми махсус дорад ва агарчи дар таълимоти онҳо бо сабабҳои воқеӣ, ки аз шароити замон вобаста буданд, афкори ирфонӣ низ зиёданд, вале таваҷҷуҳи хоссаро имрӯз маҳз ҳамин ақлгароӣ ва илмпарварии Мавлоно ва пирону устодони ӯ талаб мекунад.

Аз пешгузаштагони Мавлоно, ки ба андешаҳои ӯ дар самти ақлгароӣ ва илмпарварӣ таъсири бузург гузоштаанд, пеш аз ҳама, зикри номи падараш Баҳоуддини Валад (1149/1150-1231) муҳим аст. Баҳоуддини Валад, ки бо номи Мавлоно Баҳовалад ё Баҳо, ё Валад ҳам ёд мешавад, худ файласуф ва мутафаккири шинохта буда, асари ягонае бо номи «Маориф» иборат аз чор ҷилд ба мерос гузоштааст. Дар ин асари ӯ масъалаҳои зиёди фалсафӣ, ирфон ва якчанд андешаҳо аз илмҳои табиатшиносӣ баён ёфтаанд. Таълимоти Баҳоуддини Валад доир ба маърифат аз ду қисмати асосӣ – маърифати олами ҳиссӣ ва маърифати Ҳастии Мутлақ иборат аст. Ӯ нақши ҳис ва ақлро дар маърифати олам қоил буда, робитаи мутақобилаи ононро эътироф мекунад, вале ҳамзамон мақоми ақлро болотар аз ҳис мешуморад. Таҳлили муқоисавӣ нишон медиҳад, ки умумияти зиёде миёни ҷаҳонбинии Баҳоуддини Валад ва Ҷалолуддини Румӣ дар ин самт дида мешавад, ки бешак, аз таъсири афкори падар ба писараш дарак медиҳад.

Шахсияти дигаре, ки ба ташаккули афкори Мавлоно таъсиргузор будааст, ин Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ (с.в. 1240)  мебошад. Дар тарбияи Бурҳонуддини Муҳаққиқ таълимоти падари Мавлоно — Баҳоуддини Валад нақши муҳиме бозида, охирӣ ин таълимотро ба Мавлоно омӯзонидааст. Аз Бурҳонуддини Муҳаққиқ асаре бо номи «Маориф» ба мерос мондааст, ки маҷмӯи суханони мутафаккир буда, худ онҳоро баён ва шогирдонаш китобат кардаанд. Бурҳонуддини Муҳаққиқ дар маърифати олам мақоми ақлро асосӣ медонад ва аз диди ӯ  инсони соҳиби ақли комилро  ишораҳо бас аст, то ҳақиқати ҳаводисро дарк намояд. Аз ҳамин ҷост, ки ба андешаи ӯ, баъзе олимони пешин мақоми ақлу илмро аз ирфон боло гузоштаанд ва аз ин рӯ ҳатто Худоро «олим» гуфтаанд, на «ориф».

Бурҳонуддини Муҳаққиқ дониши тавассути ақл ҳосилшударо ба се навъ тақсим мекунад. Аввалӣ дониши аҳком аст, ки масалан, бигӯянд, бикун ё накун ва ғайра. Дуюм, дониши иқон аст, ки он дилро яқин мешавад. Масалан, касе аз даруни хона садо мекунад, вале шахс ӯро надида, медонад, ки кист. Сеюм, дониш ё худ илми тақлид – чунонки дар хона касе бошад ва ӯро надида, аз гуфтаи каси дигаре бидонӣ, ки ӯ кист. Ба андешаи ин устоди Мавлоно аввал барои инсон дари илм боз мешавад ва баъдан тавассути ақл тамоми дарҳои дигари донишу маърифат кушода мешаванд.

Шахсияти Шамси Табрезӣ – дӯсту ҳаммаслаки Мавлоно низ дар рушди андешаҳои ақлгароӣ ва илмпарварӣ дар таълимоти Мавлоно ва мавлавия нақши назаррас дорад. Ҳарду ин донишмандон шахсиятҳои воқеиву таърихие ҳастанд, ки дӯстии онҳо мактаби бузургеро бо номи мавлавия ба бор овард ва таъсири андешаҳои онҳо то кунун ҳам дар мамолики зиёди чӣ Шарқу чӣ Ғарб мушоҳида мегарданд. Шамси Табрезӣ кимиё, риёзиёт, илми нуҷум, ҳикмат ва мантиқро ба хубӣ медонистааст. Он ки Шамс худ асаре таълиф карда ё не, маълум нест. Ҳамин дақиқ аст, ки ӯ завқи навиштан, китобат кардан надоштааст. Вале шогирдон ваъзҳои ӯро китобат кардаанд, ки бо номи «Мақолоти Шамси Табрезӣ» маъруфанд. Ба ақидаи Б.Фурӯзонфар, мақолот он суханонанд, ки Шамс дар «маҷолис баён карда ва суолу ҷавобҳое, ки миёни ӯ ва Мавлоно, ё муридону мункарон радду бадал шудааст ва аз гусехтагӣ ва буридагии ибораҳо ва матолиб пайдост, ки ин китобро Шамсуддин худ таълиф нанамуда, балки ҳамон ёддоштҳои рӯзонаи муридон аст, ки бо камоли бетартибӣ фароҳам намудаанд».

Дар китоби мазкур дар қисмати маърифат Шамси Табрезӣ ба масъалаҳои маърифати ҳастии ҳиссӣ ва дунявӣ таваҷҷуҳи махсус дорад. Олам аз нигоҳи ӯ тавассути ақл дониста мешавад, на муҷоҳидату  муморисат ё рӯзаву намоз ва аз ин ҷост, ки Шамс соате тафаккурро беҳтар аз ибодати шастсола дониста, ақлро болотар аз илму дониши аз китобҳо ҳосилшуда меҳисобад. Вале ҳамзамон ақлҳои инсонӣ, аз диди ӯ, «ба ҳам мухолифанд ва мутаноқизанд», ки ин боиси ҳархела маънидод гардидани ашёву зуҳуроти ҳиссӣ назди халқу қавмҳо ва донишмандони мухталиф гардидааст. Ҳаққонияти маънидоди ҳар кадомеро танҳо имтиҳон қазоват мекунад. Ба ибораи дигар, Шамси Табрезӣ  имтиҳон (таҷриба)-ро чун дар фалсафаи муосир ба ҳайси меъёри ҳақиқат  донистааст: «Дар олам чӣ чиз ҳаст, ки бе имтиҳон қабул ёфтааст, ё бе имтиҳон рад шудааст?».

Дар маҷмӯъ, ба андешаи Шамси Табрезӣ, ҳақиқати ин дунёро танҳо аз тариқи ақли инсонӣ донистан имкон дорад, ки таҳсили илм асоси онро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ мутафаккир ба шогирдони худ илмомӯзӣ, вале камсуханӣ назди донишмандон, бисёртар гӯш кардани сухани дигарон ва танҳо тавассути ақл андеша кардаву баъдан сухан гуфтану навиштани онро талқин мекунад:

Сухан, к-он аз сарандеша наояд
Набиштанрову гуфтанро нашояд.

Тамоми ақидаву андешаҳои ақлгароёнаи Шамси Табрезӣ ва дигар устодону пешгузаштагони худро ҷамъбаст намуда, Мавлоно дар осори манзуму мансури худ таълимоти хоссаи худро пешниҳод сохт. Дар ин росто ӯ баъзе масъалаҳои маърифати олами ҳиссӣ (феноменалӣ)-ро тафсир карда, нақши панҷ ҳисси зоҳир ва панҷ ҳисси ботин ва идрокро дар ин раванд муҳим дониста аст. Ҳисҳо барои маърифати ин ҷаҳон ва маъмурии тани одамизоданд ва ин ҳисҳои зоҳирӣ дар маърифат, ба ақидаи мутафаккир, яке дигареро пурра мекунад:

Панҷ ҳисс бо якдигар пайвастаанд,
З-он, ки ҳар панҷ з-асле рустаанд.
Қуввати як қуввати боқӣ шавад,
То бақоро ҳар яке соқӣ шавад.

Мавлоно зикр менамояд, ки панҷ ҳисси зоҳир бо панҷ ҳисси ботин низ дар маърифати олам ба ҳамдигар ёварӣ мекунанд. Аз ин маълум мегардад, ки Мавлоно таълимоти анъанавии тасаввуфро дар бораи маърифати олам давом медиҳад. Вале дар ин ҷода ӯ баъзе афкори хосси худро низ дорад. Аз ҷумла, мутафаккир бар он аст, ки ҳар маърифат аз шакку шубҳа сар мезанад ва ин суханонро бо таълимоти файласуфи ғарбӣ Р. Декарт (1596-1650) метавон қиёс кард, ки гуфтааст: «Ман шубҳа мекунам, пас ман фикр мекунам, ман фикр мекунам, пас ман вуҷуд дорам»:

Ҳар киро дар ҷон Худо бинҳад маҳак,
Ҳар яқинро боз донад ӯ зи шак.

Дар маърифати олами моддӣ дар баробари ҳисҳо ҳамчунин мақоми ақл аз назари Мавлоно муҳим аст. Ақл аз ҳиссҳо реша мегирад: масалан, агар нутқе ба сомеа меояд, он барои дарк ба мантиқи ақл меравад. Вале моҳияти ақл дар таълимоти Румӣ хеле мураккаб буда, он ҳамчун баҳри бепоёнест, ки барои фаҳмиданаш дар он ғаввосӣ бояд кард. Бузургии инсон аз ин сабаб дар бузургии ақли ӯст, на дар сафедии мӯяш.

Ақл, тибқи таълимоти Мавлоно, болотар аз ҳис аст ва чун он даст бар соя, нақши ашёву зуҳурот намезанад, балки бо моҳияти онҳо сару кор дорад. Дар баробари ин, дар маърифати олами моддӣ ақл бояд ҳатман ба ҳис, дарк ва ҳофиза такя кунад. Бар замми ин ақлҳо бояд ба ҳамдигар ҳам машварат кунанд, зеро ҳар навъ ақле дар маърифат оқибат ба ақли роҳбар эҳтиёҷ дорад. Ҳарчӣ инсон дар ин ҷараёни маърифат тавассути ақл дарк мекунад, ба воситаи забони ӯ берун меояд.

Ба он нигоҳ накарда, ки мақоми ақл дар маърифати олам баланд аст, аз назари Мавлоно он аз нафси одамӣ вобастагии бузурге дорад. Ин таносуби ақлу нафсро Мавлоно дар тамоми фаслҳои «Маснавӣ» тафсир намудааст. Нафс, ҳаво, шаҳват, ҳирс дар ин самт барои мутафаккир муродифи ҳамдигар буда, бо ақл дар зиддият қарор доранд. Ақл андешаи оқибат дорад, нафсу ҳаво дар андешаи имрӯзанд. Ба андешаи мутафаккир, ҳар кӣ дар ӯ ақл бар нафс ғолиб омад, пок аст ва ҳар кӣ дар ӯ нафс бар ақл ғолиб омад, ӯ пасттар аз ҳайвонот аст. Зиёда аз ин, ақлу нафсро зидди ҳамдигар дониста, мутафаккир охириро чун Фиръавн медонад, ки дар маърифат бар ваҳм такя дорад. Нафс дар ботини инсон қобилияти изофа шудан дорад, ӯ барои Мавлоно морест, ки дар ниҳоди инсонӣ пайваста бузург шуда, аждаҳо мегардад, аз ин рӯ онро аз ибтидо бояд нест кард.

Нафс барои Мавлоно душмани бадтарини инсон дар ниҳоди ӯст, зеро пайваста барои маърифат халал мерасонад. Нафс ҳилагар буда, халдарро дар чашми кӯдак ангубин, асал менамояд, халифаро камтар аз магас нишон медиҳад ва чун маю банг роҳи чашму гӯшро мебандад. Хулоса, нафс душмани маърифати олам барои ақли ҷузвии инсонист:

З-он ки бо ақле чу ақле ҷуфт шуд,
Монеи бадфеъливу бадгуфт шуд.
Нафс бо нафси дигар чун ёр шуд,
Ақли ҷузвӣ отилу бекор шуд.

Чунин таносуб доштани ақлу нафс, ки дар боло аз он сухан рафт, ба андешаи Мавлоно, ба он мебарад, ки охирӣ бар аввалӣ аксар ғолиб меояд, аз ин рӯ шиори ҳар оқилу ориф бояд «Нафс куш!» бошад. Аз тарафи дигар, ин фаҳмиши таносуби ақлу нафс имкон медиҳад, таъкид созем, ки ҳирс, ҳаво, шаҳват ва худи нафс дар таълимоти мутафаккир аз категорияҳои ахлоқӣ ба маърифатӣ табдил ёфтаанд. Ин гуна фаҳмиш барои як қатор мувозот (параллелҳо) бо таълимоти файласуфи олмонӣ И. Кант (1724-1804) асос медиҳад. Нафс ва аффектҳои И. Кант, чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, баробари маънии нафс дар таълимоти Мавлоно мебошанд. Умуман, нафсу аффект, аз диди И. Кант, инкишофёбанда, «варами саратонӣ барои ақли поки амалӣ» ҳастанд, ба монанди он ки нафс барои Мавлоно мори оқибат аждаҳошаванда аст. Ҳамчунин ақидаи Мавлоно ва файласуфи олмониро он шабеҳ мегардонад, ки барои ҳарду ҳам нафс бо эҳсосу ақл алоқаманд аст, халалдиҳандаи маърифат аст, дар ботини инсон вуҷуд дорад ва аз ҷанбаи ахлоқӣ дида, бештар ҷанбаи маърифатияш (гносеологияш) ҳувайдост.

Вобаста ба маърифати ақлонии олам Мавлоно ба мавзӯи таъвил, тақлид ва иҷтиҳод низ дахл мекунад. Ақли инсонӣ, аз диди ӯ, қобили таъвил ё тафсири амиқи хештан буда, дар натиҷа барои инсон дониши зиёде медиҳад. Тақлид, пайравии кӯр-кӯрона, иммитатсияро  мутафаккир дар зери тозиёнаи танқид мегирад. Шахси тақлидкор аз назари Мавлоно монандаи карест, ки дар як ҳазл ду бор механдад – бори аввал дар қатори дигарон ба тақлиди онҳо ва бори дигар ба фаҳми худ он вақт, ки ба иҷтиҳод, интерпретатсия мегузарад. Иҷтиҳод ё тафсири амиқу ҳамаҷониба бо ақл барои Мавлоно сазовори тараннум аст:

Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,
Мангар аз чашми сафеҳе бехабар.
Гӯш дорӣ, ту ба гӯши худ шунав,
Гӯши гӯлонро чаро бошӣ гарав?

Суханони Мавлоно дар бораи ақл имкон медиҳанд, таъкид намоем, ки мақоми он дар маърифати олам барои ӯ чандон паст нест ва ақлгароӣ ё ратсионализм ҷузви таълимоти умумии мутафаккир аст. Ин аст, ки дар қисмати ахлоқи ҳамида низ мутафаккир дар баробари одоб, сабр, вафо ба ваъда, раҳм бар заифон, дӯстӣ, оқибатбинӣ, эҳтироми худ ва дигарон ва амсоли он илмомӯзию машварати ақлҳоро низ ҷузви ахлоқи ҳамидаи инсонӣ донистааст:

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

Ҳамин аст, ки Мавлоно ба тамоми масъалаҳо тавассути ақлу мантиқ менигарад ва такя ба ақлгароиро ба инсон талқин мекунад: «Ки барам ман кори худ бо ақл пеш». Ин ақлгароӣ Мавлоноро ба сӯи маърифатхоҳӣ ва илмпарварӣ ҳидоят намудааст, зеро илму дониш барои ӯ ҷони ҳама комёбиҳо, ганҷи беҳтарини инсонӣ ва сафои ранҷҳои одамизод аст:

Хотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷ
умла олам сурату ҷон аст илм.

ххх

Дил зи ҳарёре ғизое мех(в)арад,
Дил зи ҳ
ар илме сафое мебарад.

Натиҷаи маърифат барои Мавлоно дар шакли донишҳо вуҷуд дорад, ки як навъи он донишҳои касбӣ буда, дар навбати худ ба донишҳои қавлӣ (илм) ва феълӣ (ҳирфат, ҳунар, касб) ҷудо мешаванд. Дониш, аз диди Мавлоно, сармояест, ки дар он гавҳарҳои зиёд пинҳон буда, дилу рӯҳи инсонро бедору фаъол мегардонад ва чунин инсони бедордил аз суҳбати ҷоҳилону нодонон канораҷӯӣ мекунад:

Хоб бедорист, чун бо дониш аст,
Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.

Аз ин рӯ Мавлоно инсонро ба илмомӯзӣ ва татбиқи амалии он («Аввалаш илм аст, он гоҳе амал») даъват мекунад, зеро илму ҳунар ва касбу пеша болотар аз зебогии зоҳирӣ — «мулки ҳусн» буда, илмомӯз бояд дар ин «баҳри беҳадду канор» ғаввосӣ намояд, зеро танҳо илм ва «касби ҳалол» ба инсон рӯзию луқмаи нон медиҳанд («Мол ӯ ёбад, ки касбе мекунад») ва ҳамаи онҳо инсонро «нур афзуду камол»:

Ҳар киро бинӣ яке ҷомай дуруст,
Дон, ки ӯ 
онро ба сабру касб ҷӯст.

Дар ин росто касбомӯзӣ ва илмҷӯӣ барои Мавлоно беҳтарин саъю кӯшиши инсонист, зеро навм ё хоби фарди олиму ҳунарманд ҳатто аз тоату ибодат авлотар аст:

Навми олим аз ибодат беҳ бувад,
Ончунон илме, ки мустанбеҳ 
бувад.

Дар маҷмӯъ, дар таълимоти Мавлоно ва даҳҳо мутафаккирони дигари тоҷик тараннуми ақлгароӣ ва илму дониш хеле зиёд аст. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки илму дониш, ақлгароӣ ва ратсионализмро омили муҳимтарини бақои ҳаёти инсонӣ дониста, ба омӯзишу рушди тамоми паҳлӯҳои он таваҷҷуҳи хосса дошта бошем, зеро чунонки мутафаккири дигари шинохтаи тоҷик Носири Хусрав  фармудааст, «Тан ба ҷон зиндасту ҷон ба илм».

Хуршед ЗИЁӢ,
мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE