МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2022 АЗ ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ШИКАСТ ХӮРД

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 дар чаҳоргонаи «В» аз яке аз фаворитҳои ин мусобиқот, тими миллии Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Файзалӣ Сардоров дар бозӣ бо дастаи Ӯзбекистон ду гол зад.

Баъди ду давр тими миллии Ӯзбекистон бо касби шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «В» пешсаф аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон се имтиёз дорад.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 1 октябр тими миллии Тоҷикистон бо Туркманистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Барои ба даври чорякниҳоӣ баромадан, дастаи моро дар ин вохӯрӣ ҳадди ақал мусовӣ басанда аст.

Ҷоми Осиё 2022 оид ба футзал

Гурӯҳи «В». Даври 2

ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон – 2:3

Голҳо: Элбек Тулкинов, 3 (0:1). Файзалӣ Сардоров, 4 (1:1). Ҳусниддин Нишонов, 6 (1:2). Анасхон Рахматов, 18 (1:3). Файзалӣ Сардоров, 37 (2:3).

29 сентябр. Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».

Туркманистон – Баҳрайн – 4:4

Манбаъ: fft.tj

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE