Дар Душанбе таҳкими ҳамкории авиатсионии Тоҷикистон ва JICA баррасӣ гардид

Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражанӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон дар мулоқоти муовини Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ /JICA/ таҳти роҳбарии мушовири директор Сатоу Кан дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

Мусоҳибон дар мулоқот доир ба тақвияти ҳамкорӣ миёни корхонаҳои авиатсионии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ табодули назар намуданд.

Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур оид ба инвеститсияи васеъ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ҳамкории зич байни корхонаҳои авиатсионии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз ҷониби Азиз Набизода изҳори назар карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE