Рисолати дипломатии Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба анҷом расид

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ  бинобар анҷомёбии рисолати дипломатиаш вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи бадастомадаи муносибатҳои мутақобилан судманд байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳарду ҷониб ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE