Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе баррасӣ гардиданд

7 октябр дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  таҳти унвони «Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд.

Конференсия бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Америкаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва сарпарастии корхонаи ватании Сим-Сим ва Маркази омӯзишии Ёдгир баргузор шуда, дар кори он олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ватанӣ ва ҳамзамон олимони хориҷӣ дар мавзӯъҳои мухталифи марбут ба ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ сухан намуданд.

Дар суханрониҳо равобити илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамкории иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, нақши Созмони амнияти ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар низоми амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, стратегия ва манфиатҳои геополитикии Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар Осиёи Марказӣ, манфиатҳои геополитикии абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо вобаста ба масъалаи радикализми сиёсӣ, экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ ва дигар мавзӯъҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар конференсия барои дар сатҳи боз ҳам беҳтар рушд ва тақвият ёфтани  ҳамкории мутақобилаи Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ бо назардошти шаклгирии минбаъдаи раванди муносибатҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо ироа гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE