Бориши зиёди барф дар километрҳои 154-160-и роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ
Шаби гузашта бориши барфу борон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ идома ёфта, дар километрҳои 154 — 160 баландии барф зиёд гардид. Дар айни ҳол кормандони филиали ширкати IRS аз тамоми имконият истифода бурда истодаанд, то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад. Ин кор аз субҳи барвақт ҷараён дорад.
Ба таъкиди роҳбарияти ширкати IRS, «бо мақсади ба амал наомадани танбашавии воситаҳои нақлиёт каме маҳдудият ҷорӣ гардид ва аз ронандагону мусофирон хоҳишмандем, ки моҳияти онро дарк намоянд».