АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ANOC ДАР СЕУЛ ОҒОЗ ГАРДИД
Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ҷаласаи 26-ум Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) оғоз шуд ва то 21 октябр идома меёбад. Дар ин бора аз Кумитаи олимпии кишвар ба радиои “Садои Душанбе” хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагон аз 204 кумитаҳои миллии олимпӣ ширкат дорад. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ноиби Президент Раҳмонзода Абдулло ва котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ мекунанд. Иҷрокунандаи президенти ANOC Робин Митчел дар суханронии ифтитоҳӣ, аз ҷумла гуфт: “Мо бояд дар хотир дорем, ки варзиш қудрати беҳамто дорад, ки одамонро ба ҳам мепайвандад, монеаҳоро дур мекунад, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб мекунад. Мо дидем, ки ҷаҳони варзиш дар арзишҳои муштараки худ муттаҳид мешавад ва тавре ки президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах гуфтааст, варзиш ба сулҳ имкон медиҳад”.
Дар ҷаласа Нақшаи стратегии ANOC барои солҳои 2021-2024 тасдиқ шуда, президент ва ноиби аввали президенти ANOC барои давраи нав интихоб мегарданд.