Дар ДМТ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид

Имрӯз бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ҳамбастаги бо ДМТ ва Ташкилоти ҷамъиятии “Занони хушбахт” ярмаркаи васеи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод иштироки бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, тандурустӣ ва суғурта баргузор гардид, ки ҳамкорамон Марзия Исломзода аз рафти ин ярмарка гузориш медиҳад.

 Дар ярмаркаи мазкур  ректори ДМТ Қобилҷон Хушвақтзода муовини якуми вазири вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли  аҳоли ҶТ Абдуғафор Раҳмонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши наздии Ҳукумати ҶТ Сураҷ Чоршанбезода иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ифтитоҳи ярмарка ректори ДМТ Қобилҷон Хушвақтзода ба сухан баромада такид дошт, ки мақсад аз баргузории ин ярмарка дар он аст, ки хатмкунандагони донишгоҳ бо ҷойҳои корӣ таъмин гарданд.

Абдуғафор Раҳмонзода муовини якуми  вазири вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли  аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ярмаркаи мазкур ибрози назар карда таъкид намуд, ки дар НБО-Роғун имсол ва соли оянда 23 ҳазор ҷои кори холӣ муҳайё карда мешавад, ки корҷуён метавонанд, фаъолияташонро дар ин нерӯгоҳи азими кишвар идома диҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар рафти ярмарка созишнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо ДМТ, ва Ташкилоти ҷамъиятии “Занони хушбахт” бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба имзо расониданд.

Марзия Исломзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE