Ҷилди 21-уми асари Пешвои миллат таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба нашр расид
Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷилди 21-уми асари гаронарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баровард.
Муассиса аз соли 2002 силсиламаҷмӯаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ва аз соли 2006 тарҷумаи русии он- «Независимость Таджикистана и возрождение нации»-ро оғоз намуд. То имрӯз 20 ҷилди он бо забони тоҷикӣ ва 18 ҷилд бо забони русӣ ба табъ расидаанд.